Бахшҳо
17 янв 2017 15:51Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Садамаҳои нақлиётӣ дар Суғд ҷони 138 нафарро гирифтааст

Бозрасии давлатии автомобилии Суғд мегӯяд, давоми 12 моҳи соли 2016 дар шимоли Тоҷикистон ҳудуди 140 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд.

Аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, дар натиҷаи сарфи назар кардани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои вилояти Суғд 349 садамаи нақлиётӣ ба қайд расидааст, ки бар асари он 138 кас вафот намуда, 363 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Манбаъ мегӯяд, ин рақамҳо назар ба соли 2015 фарқи зиёде надоранд: “Давоми соли 2015 дар маҷмӯъ 346 садамаи нақлиётӣ сабт гардида, 140 нафар ҳалок ва 359 тани дигар захмӣ шудаанд”.

Ба иттилои БДА, аз садамаҳои дар соли 2016 рухдода 97 ададаш бо иштироки кӯдакону наврасон сар зада, сабаби ҳалокати 26 ва захмӣ шудани 75 ноболиғ шудааст: “Ҳарчанд дар соли 2015 теъдоди садамаҳо бо иштироки кўдакону наврасон 82 адад ва ҷароҳатбардоштагон 63 нафарро ташкил диҳад ҳам, вале шумори ҳалокшудагон баробар, яъне 26 нафар боқӣ мемонад”.

Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд суръатафзоӣ, ҳолати мастӣ, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, қоидавайронкунии пиёдагардонро сабабҳои аслии чунин ҳаводис арзёбӣ карда, аз кулли ронандагону пиёдагардон даъват кардааст, ҳангоми дар роҳ будан, бодиққату эҳтиёткор бошанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)