Ибодзода: Машқҳои низомии Русия муҳити Тоҷикистонро ифлос намекунад
Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, машқҳои низомии Русия муҳити зисти Тоҷикистонро ифлос намекунанд.
Ӯ ин нуктаро имрӯз, 17-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошта, машқҳои низомиро таҷрибаи байналмилалӣ хонд.
Ибодзода шарҳ дод, ки машқҳои низомӣ ба мардум ва муҳити Тоҷикистон таъсиру зараре надоранд.
Ӯ афзуд, дар баъзе ноҳияҳо бо масъулини машқҳои низомӣ ҳамкорӣ доранд.
Ин дар ҳолест, ки солҳои охир машқҳои низомии муштараки Тоҷикистону Русия, дигар кишварҳои СПАД ва тамринҳои пойгоҳи 201 дар алоҳидагӣ афзоиш ёфтаанд. Аз ҷумла дафтари матбуоти ҳавзаи ҳарбии марказии Русия аз тамринҳои низомӣ дар пойгоҳи 201 хабар дод, ки ҳафтаи равон идома хоҳанд дошт. Дар доираи ин машқҳо бо силсилаи тирпаронӣ аз “гаубитс”-ҳои “Гвоздик” дастаи террористҳои шартӣ дар масофаи 10 километр нобуд карда шуданд.
Акси нашркардаи расонаҳои русӣ аз машқҳои низомии ҷорӣ дар Тоҷикистон:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |