Санҷиши 69 ҳазор нафақахӯри маъюб: 26% солиманд
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, нафақаи маъюбии 12 ҳазору 847 нафар дар кишвар пурра қатъ гардида, 8 ҳазору 64 гирандаи нафақаи маъюбӣ дар ҳоли муоина қарор доранд.
Дар ин бора Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон 16 январ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, афзуд, пардохти нафақаи афроде, ки дар ҳоли санҷишанд, мутаваққиф шудааст.
Ба гуфтаи Одиназода то 1 январи соли ҷорӣ зимни муоинаи такрорӣ, гуруҳи маъюбии 17 ҳазору 864 нафар тасдиқи худро наёфт: “Аз ин теъдод 5 ҳазору 17 нафар ба нафақа аз рӯи синну сол гузаронида шудаанд, нафақаи боқимонда қатъ шуд”.
Дар маҷмуъ Одиназода таъкид намуд, ки то 1 январи соли ҷорӣ 69 ҳазору 627 нафақагирони маъюбӣ аз муоинаи такрории тиббӣ гузашта, маъюбии 51 ҳазору 763 нафар тасдиқи худро ёфт: “Аз ин шумора 6 ҳазору 597 нафар аз як гурӯҳи маъюбӣ ба дигар гурӯҳ гузаронида шуданд. Ва нафақаашон вобаста аз гуруҳи нави маъюбӣ аз нав ҳисоб ва таъин гардида, пардохт шуда истодааст”.
Тибқи иттилои Агентӣ андозаи миёнаи нафақа дар кишвар 272 сомониро ташкил дода, нисбати соли қаблӣ 42 сомонӣ ё 18,2 фоиз зиёд мебошад: “Теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 642 ҳазору 927 нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 466 нафар ё 2,8 фоиз зиёд гаштаанд. Аз теъдоди умумии нафақагирон 144 ҳазору 622 нафар гирандагони нафақаи маъюбӣ мебошанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |