Манижаи Давлат: Ба зиндагии ман халал нарасонед...
Манижаи Давлат, хонандаи номовари тоҷик, ки чанд соли охир аз саҳна канор рафтааст, аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоста, аз навиштани ҳарфҳои носазо парҳез намуда, ӯро ба ҳоли худ бигузоранд. Зоҳиран, ин паёми Манижа ба онҳое тааллуқ дорад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба қавле ба вай “дарси ислом меомӯзанд”.
Манижаи Давлат дар саҳфаи Фейсбукаш аз як қиссаи шайх Пурдил, руҳонии саршиноси эронӣ дар мавриди паёми пайғомбари Ислом Муҳаммад (с) ба ҳазрати Алӣ замони фатҳи Хайбар ёд овардааст, ки амр дода, қабл аз ин ки ворид бишавед, садо бизанед, шояд мардум мусалмон бишаванд, агар нашуданд, мувозиб бошед, то пирон, кӯдакон, занҳо ва онҳое, ки дар ибодатгоҳ ҳастанд, чи масеҳӣ, чи яҳудӣ накушед. Кишоварзон ва маҳсули меҳнати онҳоро нобуд насозед, танҳо бо онҳое даргир шгавед, ки шамшер гирифта, ба шумо ҳамла мекунанд. Хонум Давлат бо овардани ин қисса таъкид сохта, ки Ислом дини адолату раҳмату бахшиш аст, на дини таҳқиру дашном: “Бӯи хун аз мусалмон намеояд, Ислом парчами сафед аст, бӯи гул аз мусалмон меояд. Хушбутарин гул гули Муҳаммадист ва хуштарин ахлок ҳам ахлоқи Муҳаммадист. Магар мусалмон метавонад одамкуш бошад? Магар мусалмон метавонад ҳақорат бикунад? Ислом дини раҳм аст, дини меӯрубонӣ аст ва мусалмон бораҳмтарин фарди дунёст, ки бо гуфтору кирдори некаш мардумони оламро шефтаи худу динаш месозад ва ҳамеша эҳсону манфиаташ бар дигарон мерасад ва аз он ҳама кардаҳояш ҳеч тақозое надорад. На ин ки мусалмон фарде аст, ки дашному суханҳои қабеҳ бизанад, махсусан занҳоро. ЭЙ МАРДОН!”
Дар идома аз онҳое, ки ба гуфтаи ӯ “пушти пардаи Ислом” таънааш мезананду дашномаш медиҳанд, суол карда, ки “аз шумо ягон хайре ба дигарон расида аст, ки имрӯз ин ҳамаро ба худатон иҷозат медиҳед? Ҳамин аст мусалмонии шумо? Ба чи ҳаққи таънаву дашном медиҳед? Ин ҳақро надоред!”
Манижа навиштааст, ки давоми солҳое, ки “азобҳои руҳӣ” дошт, касе ӯро хоҳари мусалмон гуфта, бародарвор дарашро накуфт ва аз ҳолаш бохабар нашуд: “Агар нафаре ҳам аз барои Худо гуфта кумаке кард, баъдаш гулугирам шуд ва таънасорам кард, маълум шуд, ки ун кирдорҳо аз барои Худо набуда, балки аз барои нафси бадашон буд. Пас фарқ миёни шумову ғайри шумо дар чист?! Ман ин ҳама сол ҳар вазниние, ки сарам омад ба танҳоӣ паси сар кардам ва шукр, ки Аллоҳ бо ман буд, вагарна аз шумо таънае беш надидам...Хеле диламро шикастед ва ин шикастанҳо кумакам кард, то дар зиндагӣ мани худро пайдо кунам ва ақидаи худро дошта бошам дар бобати худшиносиву Худошиносиам. Чи саҳна бароям, чи не, ин қадар ин мавзӯъро бузург кардаед шумо, ҳамчун як фарди ин ҷомеа ҳақ дорам, ки кору фаъолият дошта бошам. Бе унам зиёда аз 11-сол таҳти фишорҳои равонӣ будам, бас аст! Хаста шудам. Ба умеди саҳна набаромадан аз зиндагии оддии худам низ мондам, ин ҳама сол зиндагӣ надоштам фақат вақтро барои худ танаффус медодам. Хоҳишан ба зиндагии ман халал нарасонед”.
“Ман Алҳамдулиллоҳ, ки мусалмонам ва Худовандро Яккаву Ягона ва Офарандаи ҳар ончи ки рӯ ба ҳастӣ оварда аст, мешиносам ва Муҳаммад (с.а.в)ро расули Ӯ. Ба унвони як зан ман то имрӯз на ба шумо ва на ба касе ғайр аз шумо худамро нафурӯхтам ва Иншоллоҳ, ки нахоҳам фурӯхт. Ҳеч кас ҳақ надорад, на шумо ва на каси дигар маро таъна, туҳмат, ҳақорат ва ё маҳкум ба коре бикунад. Бародарони азиз, бозам бародаратон мегӯям хоҳарвор аз шумо хоҳиш мекунам забонатонро аз суханҳои қабех нигаҳ доред, аз дур нишаста мардуми худатонро махсусан занҳоро касе ҳам ки набошанд ин қадар ҳақорату маҳкум насозед! Агар он қадар бихоҳед, ки қарзи бандагии хеш ва салоҳияти динии хешро баҳри беҳбудии онҳо иҷро бикунед, хатоҳои онҳоро тавре бигӯед, ки ба онҳо таъсир бикунад ва агар қабул надоштанд:
Ба сияҳдил чи суд гуфтан вазъ,
Наравад мехи оханин аз санг...”
Яъне, диле, ки мисли оҳани зангзада қабат ба қабат сиёҳ шуда бошад, бо ҳеч санге бо ҳеч сухане намеравад. Суханатонро ҳайф насозед ва дар пеши дигар мардумон бо дашном кардани хоҳару модари хеш фарҳанги диниву тоҷикии худро паст накунед, ин на ба Худову на ба бандагонаш хуш намеояд. Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳ ва боқӣ дар паноҳи Худованди якто бошед”,-навиштааст Манижаи Давлат.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |