Ҳамдардии Э.Раҳмон ба мардуми Қирғизистон: 17 январ мотам эълон шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз, 16-уми январ бо ирсоли барқияи тасаллият ба ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев ва мардуми Қирғизистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Отамбоев аз ҷумла омадааст, “аз хабари суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки боиси марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, андӯҳгин гаштам. Ба тамоми мардуми дӯсти Қирғизистон вобаста ба ин фоҷиа тасаллияти амиқ изҳор намуда, ҳоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтанро ба тамоми осебдидагон расонед”.
Ҳавопаймои Boeing 747-и ширкати туркӣ субҳи 16 январ чанд километр дуртар аз фурудгоҳи Манас, дар минтақаи Дача-Сууи ноҳияи Сокулуки вилояти Чуй, дар маҳалли аҳолинишин суқут карда, ҳудуди 40 кушта барҷой гузошт. То ҳол марги 37 нафар дақиқ шудааст ва раисиҷумҳури Қирғизистон дар кишвар 17-уми январро рӯзи мотам эълон намуд. Халабонҳои ин ҳавопаймои боркаш, ки аз Ҳонконг ба тарафи Истанбул парвоз доштааст, хостаанд дар фурудгоҳи байналмилалии Манас сӯзишворӣ бигиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |