Имрўз, 5 декабр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси палатаи поёнии парлумони мамлакат ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намяндагон баргузор гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ин ниҳоди қонунбарор иттилоъ доданд, зимнан дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.Ҳамчунин, аъзоёни Шӯро санади ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон дар бораи таҷдиди неругоҳи барқии обии Варзоб-1-ро муҳокима карданд.
Мӯҳр