Бунёди Маркази миллии Оши палав дар шимоли Тоҷикистон

Дар остонаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд Маркази миллии Оши палав бунёд хоҳад шуд. Ин маркази дуошёна дар маҳаллаи 20-уми шаҳр, назди масҷиди “Нури Ислом” сохта мешавад.
Аз маъмурияти вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, Маркази миллии Оши палавро як соҳибкори ватанӣ бунёд хоҳад кард: “Маркази хӯрокҳои миллӣ дуошёна буда, ороиши он пурра бо усули меъмории анъанавӣ ба роҳ монда мешавад ва дар ин ҷо беш аз 10 намуди оши палав ва навъҳои гуногуни таомҳои дигари миллӣ омодаву ба мизоҷон пешниҳод гардонида мешаванд”.
Манбаъ ҳадафи аслии сохтмони марказро “эҳё ва рушду нигаҳдории фарҳанги миллии ошхонадории тоҷикон” унвон кард.
Бунёди Маркази миллии Оши палав дар шаҳри Хуҷанд дар ҳолест, ки 30 ноябри соли 2016 Идораи илму фарҳанги СММ – “ЮНЕСКО”, оши палави тоҷикиро ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард. Бино ба иттилои ин ниҳод, оши палав дар Тоҷикистон “шоҳи ғизоҳо” ном дошта, беш аз 200 тарзи таҳия дорад. “ЮНЕСКО” инчунин оши палави пешниҳодкардаи Узбакистонро низ ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда, шарҳ додааст, ки ош ба таҳкими равобити иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Феълан феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият 366 номгӯи суннатҳову арзишҳои халқҳои ҷаҳонро дар бар мегирад.

Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |