Одиназода: Гирандаҳои нафақаи зиёд кам шудаанд
Теъдоди афроде, ки нафақаи зиёд мегиранд аз нуҳ ба ҳафт нафар расидааст. Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон имрӯз, 16 январ дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ду корманди бонк, ки нафақаи зиёд мегирифтанд, соли сипаришуда фавтиданд: “Афроди боқимонда барои собиқаи корӣ ва пардохти андоз нафақаи зиёд мегиранд, ки тибқи қонунгузорӣ дуруст мебошад. Сохторҳои дахлдор низ ин нафақаҳоро чанд маротиб санҷидаанд”.
Ба гуфтаи хонум Одиназода, ҳаҷми нафақаи ин афрод то 15 ҳазор сомонӣ баробар аст. Вай дар бораи Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси пешини “Роҳи оҳани Тоҷикистон” гуфт, дар асл ӯ нафақаи зиёд намегирифтааст: “Амонуллоҳ Ҳукумов собиқаи зиёди корӣ дошта, меҳнат кардааст, музди меҳнат гирифта, аз он андоз супоридааст. Иловапулӣ ба нафақа дошт, яъне мукофотҳои давлатӣ мегирад. Андозаи нафақаи онҳо, ки дар ҳама ҷо чоп шуда буд, дурӯғ аст. Андози нафақаи онҳо он қадар зиёд намебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |