Бахшҳо

Раҳимӣ: Тариқи ҷашнҳо ҳушдор медиҳем, ки мардуми кӯчӣ нестем

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улум дар посух ба суол, ки оё 5500-солагии Саразм ҷашн гирифта мешавад, гуфт, ки Академияи илмҳо мухолифи ҷашнгирии 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм дар шимоли Тоҷикистон нест, вале мо салоҳияти ҷашнгирӣ аз ин шаҳрро надорем, ин ваколати Ҳукумати Тоҷикистон аст.

Ин изҳороти президенти Академияи улум дар ҳолест, ки чанде пештар, дар порлумони кишвар Зикриё Акрамӣ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки минбаъд солгарди таърихи шаҳру навоҳӣ таҷлил нашавад.

Акрамӣ дар посух ба суоли вакил Абдуҳалим Ғаффоров, ки омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии Саразм дар чӣ ҳоланд, изҳор дошта, ки беҳтар аст аз таҷлили солгарди таърихи шаҳру навоҳии кишвар худдорӣ намоем. Ӯ шарҳ дод, ки таҷрибаи таҷлили 3000-солагии Ҳисор ва дигар маҳаллу навоҳӣ боиси нофаҳмиҳо миёни мардум шудаанд.

Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ дар шарҳи бештари ин мавзуъ ба “Озодагон” гуфта буд, таҷлили солгарди маҳалҳо ҳатто миёни зиёиён нофаҳмиҳо ба вуҷуд овардааст: “Имрӯзҳо ҳатто овоза шудааст, ки таҷлили 5-ҳазорсолагии Данғара дар назар аст. Беҳтар аст, ки аз ин гуна ҷашнҳо худдорӣ кунем”.

Аммо Фарҳод Раҳимӣ изҳороти порлумонии Зикриё Акрамиро назари шахсии ӯ унвон кард ва гуфт, ки нуқтаназари ӯ дар ҳеч сурат мавқеи Академияи улум нест. Ба назари президенти Академия ҷашнгирӣ аз шаҳрҳои қадимӣ танҳо бо ҳадафи куҳан нишон додани як шаҳр нисбат ба шаҳри дигаре нест:
“Ин як василаи нишон додани ин аст, ки тоҷикон аз оғози тамаддуни инсоният дар саргаҳи он қарор доштанд ва шаҳрдориву давлатдориву маданияти бисёр қадима доранд”.

Ба назари Фарҳод Раҳимӣ ин иқдом ҳамчунин як роҳи рӯнамоии Тоҷикистон низ метавонад бошад ва як навъ посух ба баъзе иддаои дур аз мантиқе низ ҳаст, ки аз давру бари мо садо медиҳанд. Мо бо ин роҳ метавонем бори дигар ҳушдор бидиҳем, ки мо мардуми бумии ин сарзамин ҳастем ва ба ин ҷо аз ҳеч куҷо наомадаем, яъне мардуми кӯчӣ нестем.

Ин гуна баҳсу пешниҳодот ҳолест, ки қаблан дар Тоҷикистон ба таври густурда аз 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3- ҳазорсолагии Ҳисор ҷашн гирифта шуд.
Мӯҳр
Дар хакикат дар замони бухрон тачлилу масрафкори дуруст нест. Масалан, 3 хазор солагии Хисорро тачлил кардем, бинохои "харбузашакл" сохтем, Агроинвестбонк бонкрот шуд, дар Панчакент 5500 солагии Саразмро чашн гирему бинохои "тарбузашакл" созем Амонатбонк хам бонкрот мешавад. Барои хамон то замони аз бухрони иктисоди баромадан токат кунем, то ин ки мардум гурусна намонанд, баъд метавонем, ки чунин чашнхои бошукухро идома дихем. Нисбати шумову донишмандии шумо боварии зиёд дорам , устоди азиз, Фарход Рахими.

Бобак
Чашнгирии кадимияти шахрхо бештар хусусияти намоиши дошта ба болоравии фарханг ва донишхои таърихии мардум таъсири назаррас нагузоштанд ва зуд аз хотири мардум фаромуш шуданд. Мутаассифона ин чашнхо хусусияти умумимилли нагирифтанд ва баръакс такаббури минтакавиро боло бардоштанд. Саразм вокеан кадимтарин шахр дар Осиёи Миёна мебошад ва барои чашнгири арзанда аст. Аммо оё муяссар мешавад. ки аз Саразм шахри умумиточики созем. ин кори мушкил аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)