Барканории хеши Убайдуллоев: Тағйироти нави кадрӣ
Рустами Эмомалӣ, раиси навтаъини шаҳри Душанбе Сайҳомид Маҳмудов, аз наздикони Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз мақоми раҳбарии “МПТИ” барканор кардааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон”, Саидҳомид Маҳмудов, ки қаблан ҳамчун раиси “Q-Net”-у "7 бурҷ" вирди забон шуда буд, охири ҳафтаи гузашта аз мақоми раиси Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе-“МПТИ” барканор гардид. Ба ҷои ӯ Толиб Мирзораҳимов иҷрокунандаи вазифаи раиси “МПТИ” таъин шудааст.
Сайҳомид Маҳмудов, ки қаблан роҳбарии ширкатҳои баҳсбарангези Q-Net (Кю Нет)-у "7 бурҷ" дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт, моҳи июли соли 2014 зимни як ҳамоиш дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард, хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аст.
Ӯ он замон изҳор дошт, ки бо Убайдуллоев пайванди хешу таборӣ дорад, вале ӯ ҳимояту пуштибонии раиси Душанберо аз ширкати Q-Net қатъиян рад кард: “Ин овозаҳо, ки гӯиё Убайдуллоев пуштибони Q-Net аст, хато мебошад. Ӯ то рӯзҳои наздик ҳатто намедонист, ки чунин ширкат дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ё на? Намедонист, ки ман дар ин ширкат кор мекунам. Гӯем, ки умуман дар бораи Q-Net фаҳмиш надорад, дуруст аст. Ахиран худам камубеш ба ӯ иттилоъ додам...”
Маҳмудов таъкид намуд, ки аз оғози фаъолияти Q-Net дар Тоҷикистон, ки соли 2006-ум буд, ӯ дар ин ширкат кор намекард: "Ман соли 2008 ба ин ширкат пайвастам. Худам дар вазорати адлия кор мекардам ва собиқ корманди тафтишот ҳастам. Қаллобиро фарқ мекунам. Ин ширкатро то омадани ман ҳам Оҷонсӣ ва додситонӣ тафтиш карда, хулоса доданд, ки ягон қонуншиканӣ надорад. Ин ширкат ниёз ба пуштибон надорад. Вақте фаъолияти дуруст мекунед, ниёз ба пуштибон нест".
Тағйироти кадрӣ дар шаҳрдорӣ дар ҳолеянд, ки 12-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз мақоми раиси Душанбе барканор карда, ба ҷойи ӯ писари бузургаш Рустами Эмомалиро раиси пойтахт таъин намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |