Парвандаи "хунукназарӣ"-и масъули зиндони Хуҷанд ба додгоҳ рафт
Додситонии вилояти Суғд дар робита ба фирори як маҳбус нисбати масъули муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷанд парванда боз кардааст. Ин нукта имрӯз, 13 январ дар нишасти солонаи хабарии ин ниҳод таъкид гардид.
Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, алайҳи Набиҷон Давронов, мутахассиси шӯъбаи таъминоти муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷанд бо моддаи 322-и Кодекси ҷиноятӣ (Хунукназарӣ) парванда ифтитоҳ шуда, ба додгоҳ ирсол шудааст.
Маъмур Аъзамзода, ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, Амонуллохон Носирӣ, маҳбуси 26-сола, ки 24 ноябри соли 2016 аз зиндони №3/3-и шаҳри Хуҷанд фирор кард, дар ҳудуди шаҳри Исфара боздошт гардид: “Феълан, алайҳи ин маҳбуси фирорӣ низ бо моддаи 365, қисми 1 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”.
Ба иттилои манбаъ, Суди шаҳри Хуҷанд Амонуллохон Носириро соли 2005 бар асоси моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба 120 соат корҳои ҳатмӣ муваззаф карда буд. Ӯ соли 2009 аз сӯи Додгоҳи Фирдавсии шаҳри Душанбе тибқи моддаи 244, қисми 4-и Кодекси ҷиноят 8 солу 6 моҳ ва 4 июли соли 2013 аз ҷониби суди шаҳри Исфара дар асоси талаботи моддаи 248, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон 11 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |