Бахшҳо

Рустами Эмомалӣ: Ман сарбозам, куҷое зарур, хидмат мекунам (САДО)

Рустами Эмомалӣ, раиси навтаъини шаҳри Душанбе мегӯяд, дар пойтахт даҳҳо масъалаҳои ҳалталаб ҳастанд, ки аз роҳбарон фаъолияти софдилонаю содиқона талаб мекунанд.

Ӯ 12-уми январ зимни муаррифии кадрҳои навтаъин дар шаҳрдории Душанбе изҳор дошт, ки аз раисиҷумҳур барои боварӣ ба кадрҳои ҷавон ва сазовор донистан ба мақоми раҳбарии пойтахт миннатдор аст: “Ҷаноби Олиро бовар мекунонем, ки тамоми ақлу заковат, имконияту таҷриба ва нерӯи худро барои ободию сарсабзии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе равона мекунем”.

Рустами Эмомалӣ афзуд, “бо қатъият изҳор медорам, ки ҳар яки мо, аз ҷумла ман низ сарбози Ватан ҳастем ва ҳар ҷоеро, ки роҳбари муаззами давлат барои роҳбарию фаъолият зарур мешуморанд, ба уҳда мегирем ва ба халқу Ватан, поквиҷдонона бо дасту дилу нияти пок хидмат мекунем”.

Ӯ гуфт, масъулияти навро барои хизмат кардан ба халқу Ватан ба дӯш гирифтааст ва даҳҳо масъала дар пойтахтро зикр кард, ки ба гуфтаи ӯ ҳалталабанд.

Раиси нави Душанбе ваъда дод, ки барои таҳкими амнияти сокинон, тақвияти интизоми ҷавонону наврасон, иҷрои буҷет ва харҷи сарфакоронаю шаффофи он, беҳбуди хизматрасониҳои мусофирбарӣ, маориф ва тандурустӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши бекорон, мубориза бо қонуншиканӣ, аз ҷумла решакан кардани кирдорҳои коррупсионӣ тамоми нерӯяшро сафарбар хоҳад кард.

Нахустин суханронии Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси нави Душанбе:


Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки ҳар масъул сарфи назар аз мақому мартаба вазифадор аст, ки фаъолияти худро на барои додани ҳисобот ва иҷрои расмиёти ҳуҷатгузорӣ, балки сидқан ба ҳалли мушкилоти мардум, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, баррасии саривақтии арзу шикояти шаҳрвандону корафтодагон ба роҳ монад: “Масъулияти ҳар роҳбар аз иҷрои талаботи рӯзафзуни мардум дар самти таъминоти хубтару беҳтари амнияту тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо оби тоза, фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофирбар, дар фасли зимистон додани гармӣ ва нерӯи барқи доимӣ мебошад”.

Ӯ зикр кард, ки Душанбе калонтарин шаҳри Тоҷикистон мебошад ва инфрасохтори он мутобиқ ба меъёрҳои 40-50 соли пеш, яъне асри гузашта сохта шудааст: “Дар баробари он аҳолии пойтахт сол то сол афзоиш ёфта, имрӯз беш аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои обу коррез, хатҳои барқу алоқа, муассисаҳои маорифу тандурустӣ дар сатҳи аҳолии 400-500 ҳазор нафари солҳои пешӣ боқӣ монда, барои хизматрасонии комил барои сокинони шаҳр нокифоя мебошанд. Мо ва шумо тамоми имкониятҳоро барои ҳалли мушкилот равона кунем”.

Ӯ дар охир изҳори боварӣ намуд, ки агар ҳамаи мо тамоми нерӯю имкониятҳоро барои ҳалли мушкилоти пойтахт муттаҳиду сафарбар намоем, Душанберо ба шаҳри обод, зебо, пешрафта ва намунавӣ табдил медиҳем: “Ҳамаи мо бояд хуб дар ёд дошта бошем, ки як Ватан, як давлат ва як роҳбар дорему татбиқкунандаи як сиёсат мебошем, ки аз ҷониби роҳбарият олӣ муайян карда мешавад”.
Мӯҳр
Суханони неку самимона ,кош гуфтаамон бо кардаамон як бошад...

Рустами Эмомали дорои имкониятхои зехнию чисмони аст, ки метавонад сиёсати созандаи шахрдори собик М.Убайдуллоевро идома дихад. Ахолии ш.Душанба руз аз руз ру ба афзоиш аст, ки таъмини талаботи шахрдории онхо андешахои муосирро такозо менамояд. Рустам кадри чавон аст ва аз ухдаи вазифааш шояд ба осони барояд, харчанд, ки душвор аст...

М.Убайдуллоев дар хакикат худро дар давраи фаъолияти тулонии кориаш хамчун шахрдор, аз чихати мусби нишон дод. Вазифаашро дар назди сокинони пойтах поквичдонона ичро кард. Дар хама кор ухдабаро буд. Пойтахтро тавре ободу зебо намуд, ки мардуми дехот хама ру ба пойтахт ниходанд, чунки дар ин чо ба зиндагии шоиста сазовор гаштан осонтар гашт. Икдомхои ободкоронаи уро Р.Эмомали низ аз руи имкониятхояш метавонад идома дихад...

Хамаи сокинони пойтахт орзу дорад, ки дар шароити арзанда зиндаги кунанд ва дар амали гаштани ин орзуяшон Р.Эмомали шояд хамчун шахрдор кумакрасон шавад. Умед дорем, чунки кадри чавон аст ва шояд дар оянда сохибмулки Точикистон гардад. Ба ин хотир бояд у дар ободони кушиш кунад ва замина барои ояндааш гузорад...

Хонанда
Хайр, бинем чи тагйироти мусбат чори мекунад. Агар хизмат кунаду ба мардум маъкул шавад, рохбарии у чи бадие дорад?

Рустами Эмомали кадри чавону ботачриба хаст! Ба чавониаш нигох накарда алакай натичахои бисёр оли нишон додааст! Ана мебинед, ки проблемахое, ки дар шахрдори то андозае шахшуда буданд, аз ин баъд халли худро меёбанд. Рустами Эмомали нав ба мансаб нарасидааст, ки баъзехо тамасхуромез киноя зананд, ки "гуфта бо кор як бошад"...
Мо худ шохидем, ки Рустами Эмомали дар макомхои каблии худ содикона ва бо натичахои оли фаъолият кардааст.
И не надо от моего имени чернить людей !

Боварии комил дорам ки шахри Душанберо зебо ва ободтар мекунад!
Мухтарам Рустами Эмомали бисёр суханхои такондиханда гуфт ва шахсан ман чонибдори суханхои ин чавони богайрат хастам!

Nabi farhor
Яке меояд ва дигаре меравад.Ин дунё фони аст, барои ҳамин чи бояд кард.
Ободони аз ҳамаи раисон, вазирон ва тамоми структура ҳои давлатие, ки дар шаҳр кор ва фаъолият менамоянд,хоҳиш менамоем ҷои таваллуд ашонро фаромӯш накунанд.Деҳотро дар назар дорем, мактаб, роҳ, Масчид созанд.
Ҳадди ақал ягон камаз и Санг резанд.

Мухтарам "Саид" киноя задан лозим нест !
Рустами Эмомали кадри чавону боистеъдодаст ва метавонад дар макоми навбатиаш мисли вазифахои кабли натичаи бехтарин нишон дихад!
Озодагон, ягон заказ гирифтен чи ?

benom
Video hestay, ku bubinem az nazdiktar sukhanroniashro. Az kogaz khoda istoda boshad in gaphoro

Боймуродиха
Рустами Эмомали кадри чавон аст,болаекат аст,арзанда аст.Насибаш гардад.

Ба "мухтарам said" Дар кадом навиштаам (кинояро) дарк кардед ?
Чи инкадар аз хакикат тарсонед ? Ой находки бо гуфтахоямон амал кунем ин бадие дошта бошад.
Ман хайронам аз кадом дасовархо шумо инчо гуфтаниед ,хайр падараш президент будаст бо у вазифаи баландтар додааст ин ягон чои махфияш нест хама медонанд .
Холо нав вазифаро гирифтааст дар хакаш дуъогуй бошед,ки хакро бо хакдор расонад ,гуттаи фасод гаштаему ....
Пешаки (хокзани) накунед монед кор кунад ,шумо балегуякон хамаро расво кардед...

Хасан
Хабари иваз шудани Раиси шаҳри Душанбе ҷомеаи моро такон дод. Сокинону меҳмонони пойтахт бо як ҳассосият ин навигариро ба ҳамдигар расонда муҳокима мекунанд. Аммо аксарият аз ин изҳори қаноатмандӣ намуданд. Бешубҳа сабаби ба миён омадани ҳолати мазкур ва чунин вокуниш нишон додани мардуми шаҳр дар он аст, ки душвориҳои шаҳр солҳои тулонӣ ҳал нагардида, баръакс бештару печидатар мешаванд.

Далер
Бисёр хохиш дорам, ки Душанбе кишлок не, ШАХР бошад, харчанд мардуми зиёди дехот онро ба макони будубоши аслии худ бадал карданд. Пойтахт чехраи кишвар аст. Раиси нави шахр дар ин хусус андеша кунад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)