АКСУ ВИДЕО: Сокинони Душанбе: Ширкати сохтмони моро фиреб дод
Як гуруҳ аз сокинони Душанбе иддао доранд, ширкати “Сохтмон инвест-2014” уҳдадориҳои худро тибқи шартнома иҷро накарда, фиребашон медиҳад.
Ба гуфтаи онҳо, ширкат соли 2014 бинои Рӯдакӣ-142-ро, ки онҷо зиндагӣ мекарданд, барои бунёди манзили бисёрқабата гирифта, бо сокинонаш шартнома баст. Кобулмоҳ Шаболова, яке аз истиқоматкунандагони бино ба “Озодагон” гуфт, дар шартнома омадааст, ки давоми 24 моҳ бинои нав пурра сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад: “Аммо бо гузашти беш аз 2,5 сол ҳатто таҳкурсии бино гузошта нашудааст”.
Вай афзуд, аз моҳи июни соли 2014 аз хонаҳои худ берун шуда, иҷоранишин ҳастанд. Намояндаҳои ширкат шаш моҳ аст, ки ба ваъдаи худ барои пардохти маблағи иҷора вафо намекунанд: “Маъруф Қаюмов, як масъули ширкат ҳамеша ваъдаи имрӯзу фардо медиҳад. Ҳамаро саргардон кардааст. Мо маҷбур шудем, ки чанд бор макони иҷораи худро тағйир бидиҳем. Иҷорадиҳандаҳо бо далели насупоридани маблағ аз хонаҳояшон берун мекунанд. Соҳиби хонае, ки ман онҷо иҷора меистам, автомашинаеро, ки 20 ҳазор сомонӣ арзиш дошт, 9 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда гирифт”.
Матлуба Шамсиева, истиқоматкунандаи дигари бинои мазкур мегӯяд, хонаводааш калон аст ва бо далел надоштани маблағ манзилеро иҷора гирифтааст, ки шароити хуб надорад: “Бо фарзанд ва набераҳоям дар се сол чор маротиба ҷойи иҷораро иваз кардам. Чанд моҳ аст, ки ширкат пули иҷораамонро намедиҳад. Намедонем додамонро ба куҷо барем?”
Мубарро Шамсиева, як сокини дигари бинои Рӯдакӣ-142 дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди он ки ширкат ба сохтмони манзил шурӯъ накард, нисфи маблағи хонаашро гирифт, аммо наметавонад қисмати дигари пулашро дарёфт кунад: “Мо ба ҳукумати шаҳри Душанбе, прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шаҳрӣ ва генералӣ шикоят кардем. Ба доди мо ҳеч кас намерасад. Ҳоло мақсад дорем ба суд муроҷиат намоем”.
Дар ҳамин ҳол, Диловар Сайфуллозода, раҳбари ширкати “Сохтмон инвест-2014” дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, аз қазия огаҳӣ дорад ва талош мекунанд, аз 16 январ маблағи иҷораи сокинонро пардохт намоянд: “Ҳар шарту шароите, ки дар шартнома буд, кушиш мекунем, иҷро намоем”.
Вай афзуд, корҳои сохтмонӣ шаби гузашта шурӯъ шудаанд. Аммо ба ин суол, ки сохтмони манзил кай ба анҷом мерасад, посух дод, ки “намедонам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |