Тоҷикистон 130-солагии Лоҳутиро ба ЮНЕСКО пешниҳод кард
Тоҷикистон ба Комиссияи ЮНЕСКО, ниҳоди илму фарҳанги СММ пешниҳод кардааст, ки 130-солагии шоири шинохтаи форсу тоҷик Абулқосим Лоҳутиро ба рӯйхати санаҳои таърихии ин ниҳод ворид кунад.
Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки Комиссияи ЮНЕСКО ин пешниҳодро мепазирад. Ӯ дар нишасти хабарии Фарҳангистони улум гуфт, дар зимн Пажуҳишгоҳи забону адабиёт 7-ҷилдаи осори Лоҳутиро омода карда ва дар соли равон ба нашр мерасонад.
Абулқосим Лоҳутӣ дар баробари Садриддин Айнӣ яке аз асосгузорони адабиёти муосир дониста мешавад. Осори ӯ дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёде дорад.
Абулқосим Лоҳутӣ аз шоирони маъруфи шӯравист, ки дар Эрон зода шуда, баъди мухолифатҳои зиёд ва барпо кардани ҳаркатҳои инқилобӣ дар муқобили ҳукумати вақти Эрон ба Туркия ва аз он ҷо ба Шӯравӣ фирор кард. Ӯ дар Маскав мезист ва то мақоми ноиби раиси Иттиҳодияи адибони Иттиҳоди Шӯравӣ ифои вазифа кардааст.
Дар Тоҷикистон аз солҳои 30-юми асри гузашта осори Лоҳутӣ вориди барномаҳои таълим шуда, атрофи осор ва шахсияташ корҳои зиёди илмиву тадқиқотие сурат гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |