Бахшҳо

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷузъиёти тағйироти кадриро, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 12-уми январ дар сатҳи вазирҳо ва шаҳрдории Душанбе амалӣ кардааст, ироа намуд.

Ба иттилои манбаъ бо фармони раисиҷумҳур Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод шуда, Рустами Эмомалӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси пойтахт таъин гардид. Бо фармони раисиҷумҳур Рустами Эмомалӣ аз мақоми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барканор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин барои барканории муовинони раиси шаҳри Душанбе -- Расулов Ашурбег Раҳматуллоевич (муовини аввал), Самадов Шакарбек Додхоевич, Мақсудзода Шӯҳрат ва Ҳакимов Низом Ҳоҷиевич розигӣ дод.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд аз вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Президент озод гардида, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Назирмадзода Бахтиёр бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Муинӣ Мавсума бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, фаъолияти худро минбаъд ба ҳайси муовинони раиси шаҳри Душанбе идома хоҳанд дод.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон барои ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Саидзода Қурбон Тағай ва Ҷумазода Фаррух Турақул розигӣ доданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Саиднуриддин Акрам аз вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қурбонов Аламхон Ҷамилович аз вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Сиёмардзода Сайдамир аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод шудаанд.

Бо Фармони дигари раисҷумҳур Салимзода Нусратулло Файзулло аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардидааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самӣ Шариф Ҳамид аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун" озод ва бо Фармони Президенти мамлакат иҷрокунандаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.

Ҳамчунин, бо Фармони Президент Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа аз вазифаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич аз вазифаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.


Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)
Мӯҳр
Рахмат ба Чаноби Оли, чавононро ана хамин хел дастгири кардан лозим. Мо фахр дорем ки чунин сарвари окилу доно дорем....

Бекбаха
Чаноби Убайдуллоев Шумо хело дар курси рохат кардед бас будагист.

Марди Дарвеш,
Агар марди дарвеш боши ,бо худат чи фарк дорад ки ва чи кор мекунад боз хамон дарвеше буди ва мемони...

Чонсон
Фармони Чаноби Оли оиди аз вазифа сабукдуш гардидани Махмадсаид Убайдуллоев бисёр икдоми саривактист

1
Бовариро сазовор бошед чавонон

Фарходи кухкан
Раиси шахри Душанбе ин мансаб танхо барои Убайдуллоев нест.

Хокиро
Убайдуллоевро вазифааш бисёр вазнини кард ва худаш хам бояд аз барканории худ хурсанди кунад.

2505
Саидзода Қурбон Шуморо ба вазифаи нав ва бисёр ҳам пурмасъул табрик намуда бароятон муваффақиятҳо орзумандам.
Бовари дорам, ки аз уҳдаи вазифаҳои дар пеш истода сарбаландона мебароед.
Муборак бошад!

Сафарали
Рустами Эмомали мансаби нав муборак бошад

Шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям

мухочир
сабри чамил хохонам чаноби убайдуллоев

аз мансаби раиси ш.Душанбе озод кардани Убайдуллоев бармахал буд...

Мухтарам Рустами Эмомали! Пеш аз хама тамоми директорони мактабхо ва маорифи шахрро бо нохияхои шахр аз вазифа гиред! Кудакон аз кудаки бо додани пул ба муаллимон одат кардаанд, ки дар тафаккури насли оянда гирифтани пора як чизи мамули шудааст. Убайдуллоев М. Як соли охир сару калобаашро гум карда буд. Кордзании чавонони байни мактабхо масъалаи доги руз аст, ки окибати нохуш дорад..... Сохаи маорифро ба танзим даровардан лозим аст, ки Убайдуллоев аз ухдааш набаромад.

Shagolahmad
Саид,
Марди Дарвеш,
Агар марди дарвеш боши ,бо худат чи фарк дорад ки ва чи кор мекунад боз хамон дарвеше буди ва мемони..."
In kas darveshhoi darbor!

Вазифа ба хамаи Шумо Ош шава БаХудо одамони бариск Шумо лекин як саволи хурдакак ба дафтари матбуот хамин секрети вазифара Сами Шариф медонад дар архиви кадрхо бо Фармон рекорд гузошт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)