Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттиро се тақсим мекунанд
Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон бори дигар ба се ниҳоди мустақил ҷудо мешавад. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз, 12 январ дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.
Оқои Раҳимӣ гуфт, ин се ниҳоди мустақил Пажуҳишгоҳи омӯзиши Осиё ва Аврупо, Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Маркази омӯзиши дастхатҳо ва мероси хаттӣ ном дошта, ояндаи наздик ба кор шурӯъ хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки чанд сол пештар баъзе аз ниҳодҳои Академияи улум дар пайи як ислоҳоти сохторӣ ва идорӣ муттаҳид шуданд. Он замон Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ва пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва меросӣ хаттӣ ба як пажуҳишгоҳ табдил шуд.
Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ дар назар аст, дар ҳайати Пажуҳишгоҳи Осиё ва Аврупо марказҳои туркшиносӣ, чиншиносӣ ва амсоли ин таъсис ёбанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |