Бахшҳо
12 янв 2017 12:32Тоҷикистон / Сиёсат

Вазорат: “Таъмири тонки Толибон дар Тоҷикистон” дасиса аст

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Умари Сӯфӣ, волии собиқи музофоти Кундузро, ки танк ва дигар техникаи ҳарбии ҳаракати радикалии «Толибон» дар қаламрави Тоҷикистон таъмир мешаванд, дасисаи ғаразнок хонд.

Ин ниҳод имрӯз, 12-уми январ бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, собиқ мансабдори Афғонистон фикри беасосро ҳадафмандона изҳор доштааст: “Метавон андешид, ки волии собиқ дар мавриди силоҳҳои вазнин, аз ҷумла танкҳо, ки овардани онҳо ба Тоҷикистон, аз назар дур монад, таассуроте надорад. Вале худи Умар Суфӣ хуб огоҳ аст, ки чунин амал ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз гузориши бемантиқи ҷаноби Сӯфиро метавон ҳамчун дасисае барои тасвири манфии Тоҷикистон дар ҷомеаи Афғонистон унвон кард”.

Мақомоти тоҷик таъкид намуданд, ки вақтҳои охир масъулини Афғонистон ба ҷои таҳлили амиқи мушкилоти кишварашон ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли он масири номуайянеро пеша кардаанд, ки хилофи ҳамкориҳои созанда, муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек мебошанд.

Ахиран Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон низ изҳороти Умар Сӯфӣ, собиқ раиси музофоти Кундузро дар бораи таъмири танку техникаи низомии Толибон дар Тоҷикистон беасос хонд.

Гулмаҳмадзода 9-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, давлати Тоҷикистон пайваста барои ҳалли мусолиматомези мушкилоти Афғонистон талош мекунад ва изҳороти собиқ раиси Кундуз туҳмате беш нест ва барои он бояд Сӯфӣ аз халқи тоҷик узр пурсад. Ӯ интиқоли техникаи ҳарбии Толибон аз Афғонистонро ба Тоҷикистон тариқи дарёи Панҷ ғайриимкон ва хилофи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди Афғонистон хонд.

Қаблан Умар Сӯфӣ дар суҳбат бо расонаҳои паштузабон гуфт, ки техники низомии Толибон дар қаламрави Тоҷикистон аз сӯи мутахассисони рус таъмир мешавад.
Мӯҳр
Тахлилгар
Худо кунад ки ин маьлумот дуруг бошад вагарна тавхинест ба тамоми точикони дунйо ва махсусан рухи поки устод Раббони ва Ахмадшох Масьуд. Русхо ва гайриточиконро гуш накунед ки таьрих намебахшад.

Солех
Точикистон давлати мустакил аст. Бо кадом гурухе лозим ояд барои манфиати миллат хамкорй мекунад. Вакте Русия бо толибон вориди гуфтушунид шуда бошад, пас чаро Тоикистон аз дипломатия кор нагирад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)