Ҳамдардии Президент аз даргузашти рӯзноманигор Кароматуллоҳи Аҳмад
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон аз даргузашти Кароматуллоҳи Аҳмад, рӯзноманигори собиқадори тоҷик изҳори ҳамдардӣ кард.
Раҳимӣ имрӯз, 12-уми январ нишасти матбуотии ниҳоди тобеяшро аз поси хотири марҳум оғоз карда, даргузашташро талафоти ҷиддӣ барои ҷомеаи рӯзноманигорон хонд. Президенти Академия аз Кароматуллоҳи Аҳмад ҳамчун рӯзноманигори фаъол тавсиф карда, изҳор дошт, ки ҳамеша ҳамкорӣ мекард ва ҳамеша суолу пешниҳодҳоро ироа менамуд.
Кароматуллоҳи Аҳмад, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, 11-уми январ дар зодрӯзаш дар синни 66-солагӣ дар ҷои кори худ дар бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” ҷон дод.
Корманди ёрии таъҷилии тиббӣ, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд, дар суҳбат бо”Озодагон” сабаби даргузашти Кароматуллоҳи Аҳмадро сактаи қалбӣ унвон кард. Маросими видоъ бо Кароматуллоҳи Аҳмад пеш аз зуҳри имрӯз, 12-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |