Азми Абдуллозода барои ҷалби 1 миллион саёҳ ва ҳалли мушкили ҳоҷатхона
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии Тоҷикистон гуфт, то соли 2020 теъдоди саёҳон дар кишварро ба 1 миллион нафар хоҳанд расонд.
Абдуллозода имрӯз, 12-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи 3 соли охир теъдоди саёҳон дар кишвар ду баробар афзоиш ёфта, соли гузашта ба 312 ҳазору 602 нафар расид: “Ин нисбат ба иншондоди соли пешӣ 72 ҳазор нафар бештар мебошад. Аз ҳисоби саёҳон ба иқтисодиёти кишвар 156 миллион доллар ворид гардид”.
Дар мавриди мушкили ҳоҷатхона дар роҳҳои Тоҷикистон, ки қаблан саёҳон аз он шикоят карданд, Абдуллозода афзуд, феълан гуруҳи махсуси корӣ вобаста ба ин масъала кор карда истодааст. Ба гуфтаи раиси Кумита дар назар аст, ки дар роҳҳои кишвар сари ҳар 50 километр як ҳоҷатхона дар ҳар 100 километр меҳмонхонаю ҷои истироҳат бунёд ёбад.
Ӯ инчунин аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр кард, ки хостори сода гардондани низоми раводид барои саёҳон шудааст. Аз ҷумла супориш шудааст, теъдоди кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар Тоҷикистон тариқи низоми содакардашуда раводид мегиранд, бештар гардад.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охир ба парлумон барои рушди бештари саёҳӣ хостори таъсиси ниҳоди алоҳидаи ин соҳа шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |