11 январ: Ҳалокати ҷуфти дигари тоҷик аз заҳри ангишт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 11-уми январ, бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор як зану шавҳар ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 12:30 марди 55-сола бо ҳамсари 54-солааш дар манзили итиқоматии худ, аз бӯйи гази ангишти печи худсоз заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта маҳз санаи 11 январ дар шаҳри Истаравшан як ҷуфти ҷавони 20-сола бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ҷои хобашон ҷон дода буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |