Таҳдиди худкушии модари танҳои ду маъюб дар Душанбе (АКСУ ВИДЕО)
Мастура Илёсова, модари танҳои ду кӯдаки бемор, ки шоми 11-уми январ овозаи таҳдиди худкушияш дар Душанбе паҳн шуд, изҳор медорад, ки роҳи дигареро барои баромадан аз мушкилот наёфт.
Шоми 11-уми январ дар пайи дарёфти хабар, ки зане дар маҳаллаи Қарияи боло таҳдиди худкушӣ дорад, хабарнигори “Озодагон” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд. Муайян гардид, ки нафари мавриди назар Мастура Илёсова, модари ду фарзанди маъюб, ки дар гузашта ду бор қасди худкушӣ кардааст, аммо аз ҷониби табибон наҷот дода шудааст.
Илёсова, ки дар ҳуҷрае дар маҳаллаи Қарияи боло иҷоранишин аст ба хабарнигорон гуфт, баъди ҳалокати шавҳараш дар дар садама дар соли 2006 ҳамроҳи фарзандон дар кӯча монд: “Буданд вақтҳое, ки дар таҳхонаҳо зиндагӣ мекардем, нон надоштам, талабандагӣ мекардам. Ҳозир як кор ёфтам дар мактаб фаррошам. Фарзанди аввалам, ки маъюб аст дар интернати Ҳисор мебошад. Шукр шароиташ хуб. Фарзанди дигарам низ бемор ва ҳамроҳи ман саргардон аст”.
Ба гуфтаи Илёсова наздикони шавҳари марҳумаш ҳаққи мероси фарзандонашро надоданд ва мақомот ба додаш намерасанд: “Дар суд пул талаб карданд, надоштам. Ҳатто вақте кӯррӯда (апендесит)-и фарзандам кафид, то чалаамро надодам, ҷарроҳӣ накарданд”.
Ин модари танҳо афзуд баъд аз чандин талошҳояш барои беҳбудии зиндагияш, ки бенатиҷа анҷом ёфтанд, маҷбур шуд қасди худкушӣ кунад: “Як бор пешгирӣ карданд, боз ду бор дору хурдам, ки фаҳмиданду маро дар беморхона тоза карданд. Ростӣ зиндагӣ одамро маҷбур мекардааст, ки аз ҷонаш ҳам гузарад”.
Ин модари танҳо мегӯяд, ягона мақсадаш наҷоти фарзандон аз дарбадарӣ дар оянда аст: “Аз соли 2006 ба ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ариза додам ва дар навбатам. Ақаллан як сотих заминам диҳанд, ки фарзандонам дар оянда дарбадар нашаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |