Ҷилавгирӣ аз таваллуди 718 кӯдаки маъюб дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз таваллуди 718 кӯдаки маъюб дар кишвар ҷилавгирӣ кардаанд.
Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 11 январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҷумла дар маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ 466 зан аз ташхиси фаросавтӣ, 32 зан аз скрининги биохимиявӣ, 29 ҷуфт аз таҳлили мувофиқати гистомӣ ва 40 ҳолати муайян намудани падарӣ гузаронида шудааст. Масъулин мегӯянд, дар аксари ҳолатҳо падарии афроде, ки ҳамсарашонро зери шубҳа қарор медоданд, исбот шуд.
Ба гуфтаи Умарзода дар маҷмуъ аз 226 ҳазору 949 зани ҳомила, ки аз ташхиси ултрасадо гузаронда шуданд, дар 1238 ҳолат нуқсонҳои модарзодии ҷанин дарёфт гардид: “Аз ин шумора дар 718 ҳолат ҳомиладорӣ қатъ карда шуд”.
Ба гуфтаи масъулин фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ барои фароҳам овардани шароити зарурии ташаккули оилаи солим, пешгирии таваллуди кӯдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бемориҳои ирсӣ-авлодӣ нақши муҳим дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |