Ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ба Нижневартовск ҳам парвоз мекунанд
Ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” мегӯяд, бо оғози ҷадвали зимистонаи 2016–2017 барномаи парвозҳояшро васеъ кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин ширкат, шурӯъ аз 6 ноябр “Тоҷик Эйр” парвозҳои мунтаззам ба хатсайри Душанбе–Сургут–Душанберо аз сар гирифт. Ин парвозҳо дар ду ҳафта як маротиба рӯзҳои якшанбе тавассути ҳавопаймои “Boeing 737-300” анҷом мешавад: “Аз 13 ноябр аз фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд парвозҳо ба Нижневартовск оғоз мешавад, ки он ҳам дар ду ҳафта як маротиба рӯзҳои якшанбе бо ҳавопаймои “Boeing 737-300” сурат мегирад”.
Манбаъ афзуд, “Тоҷик Эйр” парвозҳои хатсайри Урумчи–Душанбе ва Душанбе–Пекин–Душанберо аз сар гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |