“Тоҷик Эйр” аз оғози парвозҳои бузургтарин ҳавопаймо хабар дод
Ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” мегӯяд, сешанбеи 13 декабр калонтарин ҳавопаймо дар Тоҷикистон ба фазо бархост.
Аз дафтари матбуоти ин ширкат ба “Озодагон” гуфтанд, ҳавопаймои “Boeing 767–300” соати 20:20 аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба самти Маскав парвоз кард.
Ба иттилои манбаъ, ин навъи Боинг яке аз ҳавопаймоҳои маъруф маҳсуб ёфта, он метавонад дар хатсайри дарозиаш то 7 890 км парвоз намояд. Он барои парвози 278 мусофир дар як вақт нигаронида шудааст.
“Чиптаҳои парвоз дар ҳавопаймоҳои мо барои кӯдакони то синни 5–сола ройгон ва аз 5 то 12–сола бо тахфифи 50% пешниҳод карда мешаванд. Ин имтиёз барои сарфаи буҷаи оилавӣ хеле муфид аст”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |