Кӯлоб: 35000 кг намаки камйод аз бозорҳо гирифта шуд
Раёсати стандартизатсия, метрология ва назорати савдои минтақаи Кӯлоб мегӯяд, давоми як соли ахир 35000 кг намакро аз бозорҳо гирифта, барои коркарди дубора фиристодаанд.
Ҳикматулло Сафаров, сардори ин раёсат имрӯз, 10 январ дар нишасти хабарии созмонёфтае дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ин миқдор намак истеҳсоли ҶДММ “Намакдон”-и ноҳияи Восеъ буда ва бо иллати “кам будани меъёри муайяни йод” аз бозорҳои шаҳру навоҳи минтақа гирифта шудааст: “Корхонаи мазкур ҷарима баста шуд”.
Аммо ҷаноби Сафаров ҳаҷми ҷаримаро эълон накард.
Дар нишасти Раёсати стандартизатсия, метрология ва назорати савдои минтақаи Кӯлоб таъкид шуд, ки Бахши ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқ соли сипаришуда 3029 маҳсулоти хоҷагии қишлоқро мавриди ташхис қарор дода, 426 маҳсулоти ғайристандартиро ошкор кардааст: “Соҳибкорон ба маблағи 43770 сомонӣ ҷарима баста шуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |