Болоравии қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон
Бонкҳои Тоҷикистон имрӯз, 10-уми январ қурби 1000 рубли русиро 130-131 сомонӣ муайян кардаанд, ки нисбат ба нишондоди охири соли гузашта то 4 сомонӣ бештар мебошад.
Тибқи овезаҳои бонкҳои кишвар дар Душанбе қурби 1 доллари амрикоӣ 7,89-7,91 сомонӣ муқаррар гардидааст. Қурби доллар тайи моҳҳои охир бетағйир 7,88-7,90 боқӣ монда буд.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубл ва долларро мутаносибан барои 10-уми январ 0,1291 ва 7,8850 сомонӣ муқаррар намуда, арзиши як евроро 8,2942 сомонӣ нишон додааст.
Ин ниҳод шаҳрвандонро огоҳ кардааст, ки берун аз намояндагиҳои бонкҳою банкоматҳо мубодилаи асъори хориҷӣ мамнуъ буда, ҷазои маъмурию ҷиноиро дар пай дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |