Умеди Э.Раҳмон ба кӯмаки ХБА дар шароити буҳронӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10-уми январ дар мулоқот бо Пол Росс, роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Душанбе дурнамои ҳамкориҳои молиявию иқтисодиро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷонибҳо масоили марбут ба шиддати бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нақшаю дурнамои марбут ба рушди оянда ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон муҳокима намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ шарикони рушди Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд бо роҳи дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ нақши муносиб мегузоранд: “Густариш ва рушди бемайлони ҳамкориҳо дар оянда барои ҳар ду ҷониб судбахшу боровар арзёбӣ гардида ба сатҳи шарикии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар давоми 23 соли охир баҳои баланд дода шуд”.
Ин мулоқот дар ҳолест, ки бар асоси хабарҳо Тоҷикистон бо ХБА дар мавриди гирифтани қарз барои дастгирии низоми молиявӣ гуфтушунид дорад.
Қаблан Масъуд Аҳмад, мудири департаменти ХБА дар Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ ба “Financial Times” гуфта буд, агар Тоҷикистон хостори дарёфти кӯмак аз ХБА аст, ҳукумати он бояд се шарти калидиро иҷро кунад: “Инҳо - таҳкими назорати умумии низоми бонкӣ, лағви маҳдудиятҳо дар бозори асъор, таъмини шаффофияти фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ҳамоиши онҳо бо буҷаи давлат мебошанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |