Э.Раҳмон: Аҳолӣ мақомоти давлатиро фасодзада медонад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10-уми январ зимни таҳлили фаъолияти 10-солаи Оҷонсии зидди фасод изҳор дошт, ки ошкоршавии фасодкорӣ дар мақомоти давлатӣ аз 2 то 5 ва низоми бонкӣ то 80 баробар афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони Оҷонсии зидди фасод гуфт, “аз рӯи маълумоти агентӣ шумораи ҷиноятҳои ошкоргардида дар даҳ соли охир дар мақомоти корҳои дохилӣ ва вазорати нақлиёт якуним баробар, мақомоти судӣ ва прокуратура зиёда аз ду баробар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ зиёда аз чор баробар, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ беш аз панҷ баробар афзоиш ёфтааст. Дар соҳаи бонкӣ кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта танҳо дар ду соли охир зиёда аз дуюним баробар ва нисбат ба соли 2007 беш аз 80 баробар афзудаанд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз натиҷаҳои пурсиши сотсиологӣ миёни аҳолӣ зикр кард, ки бар асоси он аксарияти мусоҳибон сатҳи коррупсияро дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милливу сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд арзёбӣ кардаанд.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 145 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта содир гардидааст: “Аз ин шумора 45 ҷиноят аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, 20 ҷиноят дар Вазорати адлия, 15 ҷиноят дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 12 ҷиноят дар Вазорати мудофиа, 1 ҷиноят дар мақомоти прокуратура ва 5 ҷиноят аз тарафи кормандони мақомоти судӣ содир карда шудааст. Инчунин, 90 ҷинояти содирнамудаи кормандони соҳаи маориф, 103 ҷинояти кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 12 ҷинояти дар комиссариатҳои ҳарбӣ ва 31 ҷинояти кормандони соҳаи идораи замин содиршуда дурустии назарсанҷиро собит месозанд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудаст, ки таъин кардани шахс ба мансаби давлатӣ нишонаи боварии давлат буда, сӯиистифода аз он комилан нораво ва таҳаммулнопазир аст: “Чунин шахсон бояд дар мақомоти давлатӣ кор накунанд. Бинобар ин, ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зарур аст, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати муайян кардан ва аз мақомот барканор намудани шахсони фасодзада тадбирҳои судманд андешанд”.
Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкоронро роҳи ҳалли мушкил надониста, зарур хондааст, ки мо бояд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро тақвият бахшем: “Ҳамзамон бо ин, мақомоти мубориза бар зидди коррупсияро зарур аст, ки барои тоза кардани мақомоти давлатӣ аз шахсони тасодуфӣ ва ҷиноятпеша чораҳои дахлдор андешанд ва пеш аз ҳама, ҳангоми қабул ба кор ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар худи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва сохторҳои он дар маҳалҳо ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур таъсиси шӯъба ё кафедраи пешгирии коррупсия дар муассисаҳои дахлдори таҳсилоти олии кишвар, таҳияву нашри адабиёти назариявӣ ва амаливу методӣ оид ба коррупсия, варақаҳои рекламавии огоҳкунанда ва ба ҷойҳои ҷамъиятӣ дастрас намудани онҳо яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани самаранокии мубориза бо коррупсия мебошад: “Бо дарназардошти ин, ҳар як корманди мақомоти зидди коррупсияро зарур аст, ки муносибати худро ба вазифаи хеш дар асоси талаботи қонун ба роҳ монда, ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза дар ин самт чораҳои зарурӣ андешад”.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки кишвари мо бо амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти фаҳмондадиҳӣ, огоҳкуниву пешгирикунанда ва ҳамзамон бо ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия, инчунин, иҷрои талаботи қонуну қарорҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |