Вакилони парлумон барои гузориши паёми Президент назди интихобкунандаҳо мераванд
Шурӯъ аз чоршанбеи 11 январ вакилони Маҷлиси намояндагон ба вилоятҳои Хатлону Суғду Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ ба сафари корӣ мераванд.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” ҳадафи ин сафарро мулоқот бо интихобкунандаҳо, гузориш ба онҳо роҷеъ ба паёми Президент ба Маҷлиси олӣ ва қарору қонунҳои ба тозақабулгардидаунвон кард: “Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар маҳалҳо бо коллективҳои меҳнатии омӯзгорон, духтурон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мулоқот намуда, дар ҳаллӣ мушкилоти ҷойдошта мусоидат менамоянд”.
Ба қавли оқои Султонов, ин сафари кории вакилон то 20 январи соли ҷорӣ идома хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |