Стратегҳои Президент: Озодии баёну гуногунандешӣ хатар дорад
Раҳбарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон озодии баён ва гуногунандешии аз ҳад зиёдро хатарзо хонданд.
Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ имрӯз, 9-уми январ ба суоли “Озодагон” дар бораи озодии баёну фаъолияти расонаҳои мустақил гуфт, Тоҷикистон аз нигоҳи озодии баён дар минтақаи Осиёи Миёна аз ҳама пешрафта мебошад. Ӯ далели қатъи фаъолияти бархе аз расонаҳои мустақилро тоб наовардан ба рақобати иқтисодӣ гуфт.
Раиси МТС инчунин афзуд, ки баъзе аз фаъолоиятҳои ғаразолуди расонаҳо нисбат ба давлат ва сардори давлат ва ҳамчунин дар зеҳнҳо эҷод кардани демократиябозӣ хуб нест. Ӯ бо зикри баҳои қимати сулҳ дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки гуногунандешии аз ҳад зиёд метавонад ҳифзи сулҳро мушкил кунад. Ба ақидаи Худойбердӣ Холиқназар ҷангҳо дар Ховари миёна дар заминаи гуногунандшешӣ сар задаанд.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси МТС дар ин робита гуфт, дар кишварҳое, ки чандон устувор нестанд ва дар ҳоли гузариш қарор доранд, озодии баёни аз ҳад зиёд хатар дорад ва ба рушди кишварҳо халал мерасонад.
Ин шарҳи стратегҳои назди Президент дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар шохиси озодии баён дар соли 2016 бо гирифтани мақоми 150-ум 34 зина поин омад.
Охири соли гузашта Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо пахши як изҳороти муштарак иттилоъ доданд, ки дар як сол 4 расона - “Вечерний Душанбе, “Дам”, “Нигоҳ” ва “Тоҷнюс” баста шуданд ва чанд нашрияи дигар дар вазъияти мушобеҳ қарор дорад: “Беш аз 10 рӯзноманигор Тоҷикистонро тарк кардаанд. Чунин вазъият нишондиҳандаи набуди шароити сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои фаъолияти фазои озоди плюралистӣ буда, нигаронии созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонаҳоро ба бор овардааст. Мушкили расонаҳо ин аст, ки баъзан манофеи хусусӣ, гуруҳӣ ва идорӣ бар манофеъи умум ҳоким мешаванд. Мо боварии комил дорем, ки расонаҳои чандгунаӣ барои фароҳам овардани минбар ба тамоми қишри ҷомеа ва ба густариш додани плюрализм мусоидат мекунанд”.
Дар изҳорот ҳамчунин таъкид шудааст: “Моддаи 30-юми Қонуни асосӣ озодии баён, матбуот ва ҳаққи истифода бурдани расонаҳоро барои ҳар кас кафолат медиҳад. Озодии баён барои он муҳим аст, ки ин озодӣ барои амалӣ шудани ҳуқуқи дигари конститутсионии шахс зарур аст”.
Ба ин тартиб дар поёни изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон даъват шудааст, уҳдадориҳои худро дар таъмини ҳуқуқи инсон дар доираи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва меъёрҳои конститутсионӣ иҷро кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |