АКС: 58%-и мукофотпулии Президентро Назарову Устопириён гирифтанд
Мукофотпулии Президенти Тоҷикистон дар ҳаҷми 622 ҳазору 500 сомонӣ ба 15 ғолиб ва дигар ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ супорида шуд.
Маросими супоридани мукофотпулӣ имрӯз, 7-уми январ бо иштироки намояндагони Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва Дастгоҳи иҷроияи президент дар Душанбе баргузор гардид.
Дар баробари Дилшод Назаров, ки ҳанӯз моҳи август 300 ҳазор сомониро бевосита аз раисиҷумҳур гирифта буд, имрӯз варзишгарони зерин бо мукофотпулии Президент сарфароз гардиданд:
Фарҳод Неъматов - медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба таэквандо (Филиппин) бо 20000 сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш Ҷаҳонзеб Қамишов);
Моҳру Ҳалимова - медали нуқра дар Чемпионати Осиё оид ба таэквандо (Филиппин) бо 40000 сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш Ҷон Ҳой);
Комроншоҳи Устопириён - медали тилло дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо (Узбакистон) ва медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо 84 ҳазор сомонӣ (21 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш Фаридун Устопиров);
Хуршед Маҷидов - медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонон (Ҳиндустон) бо 5000 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббиаш);
Абдулқосим Файзиев - медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод (Филиппин) бо 5000 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббиаш Дилшод Файзов);
Акмал Муродов - медали нуқра дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонон (Ҳиндустон) бо 10000 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббиаш Шералӣ Бозоров);
Ҷаҳонгир Маҷидов - медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни наврасон (Ҳиндустон) бо 5000 сомонӣ;
Ҳоҷимашраб Раҳмонов - медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонон (Ҳиндустон) бо 5000 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббиаш Р. Раҷабов);
Азамат Сӯфиев - медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод (Тайланд) бо 20000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббиаш Абдурозиқ Олимов);
Суҳроҷ Азизов - медали нуқра дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ (Филиппин) бо 20000 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббиаш);
Ҷомии Ҳасан - медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо (Булғористон) бо 24 ҳазор сомонӣ (6 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш Садриддин Воҳидов);
Ҳамроз Раҷабов - медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо (Буғористон) бо 24 ҳазор сомонӣ (6 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш);
Рамазон Шарипов - медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муайтай миёни ҷавонон (Тайланд) бо 6 ҳазор сомонӣ (1500 сомонӣ ба мураббиаш Мирзоалӣ Ҷалилов) соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гариданд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ зимни супоридани ҷоизаҳо гуфт, дар соли 2016 ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 302 медал, аз ҷумла 94 тилло 91 нуқра ва 116 биринҷӣ ворид гаштааст.
Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” аз 9 январи соли 2015 бо мақсади ҳавасманд ва дастгирии варзишгарон ба тасвиб расида, мувофиқи ин фармон маблағгузории Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, соҳибони медалҳои нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷии олимпӣ бо 200 ҳазор сомонӣ маблағ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |