Парвандаи нави кӯдакфурӯшӣ ва шарҳи прокурору омбудсмен
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон зани 32-сола, сокини шаҳри Душанберо бо иттиҳоми хариду фурӯши кӯдаки ноболиғ дастгир кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ муайян шуд, ки гумонбаршуда 6-уми декабри соли 2016 дар яке аз таваллудхонаҳои пойтахт тифли ҷинсаш духтар таваллуд карда, навзодро 14-уми декабр ба зани 44-сола, сокини ноҳияи Восеъ ба маблағи 1000 сомонӣ фурӯхтааст: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад”.
Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар шарҳи хабарҳои марбут ба харидуфурӯши одамон гуфт, аксаран расмиёти фарзандхонӣ вайрон мешавад.
Зариф Ализода, омбудсмен ва ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба масъалаи “кӯдакфурӯшӣ” дахл карда, гуфта буд, ҳолатҳое ҳастанд, ки кӯдакро аз таваллудхона ба шахси дигар медиҳанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар бархе ҳолатҳо шаклан ҷиноят ҳасту мазмунан ҷиноят нест. Омбудсмен аз ҷумла ҳолатҳоеро мисол овард, ки кӯдакро таваллуд карда, бе қайди расмӣ онро ба каси дигар медиҳанд: “Албатта ҳастанд, ҳолатҳое, ки ба ивази маблағҳои ночиз, масалан 200 сомонӣ кӯдакашонро медиҳанд. Ин ҷо омӯхтан даркор, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондан даркор". Ба гуфтаи ҳолдонҳо аксаран маблағе, ки гӯиё занон ба ивази он фарзандонашонро фурӯхтаанд, хароҷоти таваллудхона мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қаблан аз мураккаб будани расмиёти фарзандхонӣ дар кишвар интиқоди шадид карда, ба мақомот барои соддасозии муқаррароти қонунӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум дастур дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |