БДА қимматшавии сиёҳкунии шишаҳои мошинро шарҳ дод
Арзиши иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои мошин аз моҳи равон дар Тоҷикистон 25 дарсад боло рафт.
Тибқи иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ иҷозатномаҳо барои сиёҳкунии шишаҳои мошин ба ду гуруҳ тақсимбандӣ мешаванд: “Нархи иҷозатнома барои мошинҳои истеҳсолашон куҳнатар аз соли 2005, ки то ҳол 2000 сомонӣ буд, аз 1-уми январ ба 2500 сомонӣ ва барои мошинҳои истеҳсолашон соли 2005-у аз он навтар, ки то ҳол 2480 сомонӣ буд, ба 3100 сомонӣ баробар шуд”.
БДА болоравии нархи иҷозатномаро ба афзоиши нишондод барои ҳисобҳо рабт дод, ки аз 1-уми январ ба 50 сомонӣ баробар шуд: “Солҳои қаблӣ ин нишондод 40 сомониро ташкил медод. Нархи иҷозатнома чун солҳои пешӣ барои мошинҳои куҳна 50 нишондиҳанда ва барои мошинҳои нав 62 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад”.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон сиёҳ кардани шишаҳои пеши мошин то 14 сантиметр иҷозат дода шудааст ва меъёри равшанигузаронияш бояд 75%-ро ташкил диҳад.
Қаблан эълон шуда буд, ки маблағи иҷозатномаҳо барои сиёҳ кардани шишаҳои мошин ба бунёди нерӯгоҳи “Роғун” равона мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |