Ду қувваозмоии “Ҳосилот” ва “Шоҳин Осмоӣ” дар Душанбе
Бозиҳои муқаддамотии дастаи “Ҳосилот”-и Тоҷикистон ва “Шоҳин Осмоӣ”-и Афғонистон дар доираи мусобиқоти Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар Душанбе баргузор мегарданд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ба далоили амниятӣ Афғонистон наметавонад бозии байналмилалиашро дар дохили кишвар баргузор намояд. Дар пайи ин Федератсияи футболи Афғонистон тасмим гирифтааст, варзишгоҳи марказии Душанберо макони баргузории бозии хонагияш интихоб намояд.
Ҳамакнун ҳар ду бозӣ миёни дастаи “Ҳосилот” барандаи медали нуқраи мусобиқаи Тоҷикистон ва “Шоҳин Осмоӣ” чемпиони Афғонистон дар Душанбе баргузор хоҳад гашт. Дидори аввали дастаҳо 31 январ ва бозии ҷавобӣ 7 феврал баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |