Мубтакирони ин чорабинӣ Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии сафорати ИМА маҳсуб мегарданд. Хуршеди Атовулло, райиси МТЖ мегӯяд, пас аз чанд соли тарки саҳна кардани Субҳон мо чанд нафар аз ҷумлаи дӯстон кӯшиш кардем, ӯро дубора ба саҳна баргардонем, аммо натиҷаи дилхоҳ ба даст намеомад: «Гоҳе маризии сароянда монеъи роҳ мешуду бори дигар мушкилоти моддӣ».
- Ин дафъа, бо бародарамон Фурқати Сайид тасмим гирифтем ва ба назди Субҳон рафтем. Овозхон бо камоли майл розӣ шуд, ки бо як барномаи нав ба саҳна баргардад,- мегӯяд Хуршеди Атовулло.
Маврид ба ёдоварист, Субҳони Саид аз ҷумлаи он овозхонҳоест, ки ниёз ба муаррифӣ надорад. Дар охири даҳаи 80-ум ва аввали солҳои 90-и асри бо садои дилчаспу лаҳни зебо месуруду дилҳоро тасхир мекард. Таронаҳои ӯ миёни ҳаводоронаш ҷонибдорӣ пайдо карда, ҳоло ҳам маҳбубияти зиёд доранд. Субҳони Саид солҳои охир бо иллати маризӣ аз саҳна канор рафта, дар пардаи телевизион ва чорабиниҳои мухталиф намоён намешуд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |