Тибқи иттилои расида, ин мулоқот ғайрирасмӣ буда, он дар қароргоҳи дипломатии амрикоӣ сурат гирифт. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ВНМО дар Тоҷикистон ва тарзи зисти ашхоси аз паҳншавии босуръати ин беморӣ осебдида мавриди муҳокима қарор гирифт. Таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ба хавфи паҳншавии босуръати ВНМО, тамғагузорӣ ва ҳуқуқпоймолкунӣ ва нақши шахсони бо ВНМО сироятёфта дар пешгирии паҳншавии ВНМО дар Тоҷикистон равона гардид.
-Дар Тоҷикистон имконияти нодиртарини боздоштани паҳншавии ВНМО мавҷуд аст, пеш аз он, ки ин доманзанӣ андозаи миқёсӣ нагирад,- гуфт сафири амрикоӣ. Ӯ афзуд, барои ин бояд санҷишҳоро дар байни оммаи васеъ, роҳҳои пурсамари пешгирӣ ва табобати бардавоми шахсони бо ВНМО сироятёфтаро гузаронд: «Вале агар мо аз муҳокимаи кушоду равшани ин масъалаи ҳалталаб ҳаросем ва бо нодонии худ барои истифодаи ҳамаи хизматҳое, ки онҳо эҳтиёҷ доранд, монеа шавем, ҳамаи кӯшишҳо беҳудаанд ».
Қайд гардид, ки ҳарчанд паҳншавии ВНМО дар байни аҳолии Тоҷикистон паст аст, вале хавфи паҳншавии босуръати он вуҷуд дорад. Аксари ҳолатҳои нави ба қайдгирифташудаи ВНМО ба истеъмолкунандагони маводи нашъаовар рост меояд. Теъдоди сироятёшудагон тавассути алоқаи ҷинсӣ низ боло рафта истодааст. Ташкилотҳои зиёде, ки лоиҳаҳои амалкунанда доранд ва аз он ҷумла аз тарафи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ карда мешаванд, ҳолатҳои тамғагузорӣ ва ҳуқуқпоймолкуниро аз тарафи кормандони корҳои дохилӣ, идораҳои тиббӣ ва ҷамъият қайд менамоянд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |