Тағйироти кадрӣ дар Додситонӣ ва Қушунҳои сарҳадӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва раиси Ҳукумати Тоҷикистон дар ду мақомоти қудратӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кардааст.
Дафтари матбуоти Президент менависад, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат “аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва дорои савияи баланди тахассусӣ” таъин гардиданд. Ба иттилои манбаъ, инчунин сардорони Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд аз ҳисоби афсарони дорои таҷрибаву малакаи хуби роҳбарӣ ва хатмкардагони муассисаҳои олии таҳсилоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъин гардидаанд: “Дар дастгоҳи марказии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ вобаста ба таҷдиди сохтор барои идомаи фаъолияти касбӣ афсарону мутахассисони баландихтисос сафарбар шуданд. Қобили зикр аст, ки аксар кадрҳои таъингардида ҷавон, донандагони забонҳои хориҷӣ, соҳиби таҷрибаву малакаи муосири касбӣ мебошанд”.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъингардидаро муваззаф намудааст, то муборизаро бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ пурзӯр намуда, аз амалҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ ҷилавгирӣ намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |