Қатли Иброҳиму Сомон: “Разбор”-и маҳаллаҳо ё мактабҳо?
Манобеи “Озодагон” аз ҷавони дуюм, ки шаби 2 ба 3-юми январ дар пайи муноқиша дар маҳаллаи 103, дар наздикии Донишкадаи ҳарбӣ кушта шудааст, Иброҳим Хоҷаев ном бурданд.
Сабоҳат Ганҷараева, мудири мактаби 43-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” хонандаи ин мактаб будани Хоҷаевро рад карда, афзуд: Соли таваллуди Иброҳим Хоҷаев, 1998 буда, ӯ соли 2014 баъди хатми синфи 9-ум мактаби моро тарк кард. Дар бораи ҳолати кор ва муноқиша ман чизе гуфта наметавонам”.
Мудири мактаби 43 афзуд дар ин муноқиша ягон нафар аз маҳассилини дигари мактабаш иштирок надоштааст ва баҳс ҳам на миёни мактабҳо балки миёни бархе маҳаллаҳо, аз ҷумла 102 ва 104 рух додааст.
Тибқи иттилои қаблан нашршуда дар ин муноқиша хонандагони макотиби 54, 43 ва 101-и ноҳияи Сино иштирок дошта, дар пайи он инчунин Сомон Шарифов, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 54 ҷон додааст.
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, феълан муттаҳамон, аз ҷумла нафари кордзан, ки дар маҳаллаи 102 иҷоранишин будаасту дар кордзанӣ даст доштааст, боздошт гардидааст.
Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад ва ҷузъиёти он баъдан ироа хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |