Ёдгорӣ: “Лимит”-и рӯзонаи барқ пурра лағв мешавад
“Барқи тоҷик” эълон кард, ки шурӯъ аз 5-уми январ дар Тоҷикистон “лимит”-и рӯзонаи барқ пурра бардошта хоҳад шуд.
Дар ин бора Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз 4 январ ба “Озодагон” иттилоъ дод: “Аз фардо сокиноне, ки то ҳозир тариқи лимит барқ мегирифтанд, дар як шабонарӯз 17 соат бо барқ таъмин хоҳанд буд. Аз соати 5:00-и субҳ то 22:00-и шаб барқ дода мешавад”.
Ширкати “Барқи тоҷик” бо далели сардӣ ва коҳиши оби дарёи Вахш сар аз 1-уми ноябри 2016 аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ хабар дода буд.
Дар пайи фаъолсозии Маркази барқу гармидиҳии дуюми Душанбе ин ширкат имкон пайдо намуд, ки маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинони навоҳии кишварро коҳиш диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |