Си Ҷинпин ба Э.Раҳмон: Эътимоди сиёсиямон боло рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми январ бо ирсоли паём ҳамтои чинияш Си Ҷинпинро бо 25-умин солгарди оғози муносибатҳои дипломатӣ шодбош гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Ҷинпин изҳор доштааст, ки чоряк аср муқаддам Хитой, ҳамчун ҳамсояи хайрхоҳ ва дӯсти боэътимод аз аввалин давлатҳое буд, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият пазируфт ва кишварҳои мо ба ташаккулу густариши робитаҳои сифатан нави байнидавлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд: “Имрӯз ба ҳамшарикии кишварҳои мо, ки дар асоси усулҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва риояи мутақобилаи манфиатҳо бино ёфтааст, сатҳи баланди ҳамкорӣ хос аст”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, “мо муносибатҳои босуботи худро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой арзишманд медонем ва ба рушди мантиқии онҳо дархӯр ба рифоҳи мардумонамон эътимоди комил дорем”.
Раиси Чин низ бо ирсоли паём Эмомалӣ Раҳмонро шодбош гуфта, афзудааст, Тоҷикистону Хитой ҳамсояҳои ба ҳам хайрхоҳ мебошанд ва онҳоро кӯҳҳои осмонбусу дарёҳо ба ҳам мепайванданд: “ Дӯстии халқҳои мо аз гузаштаи дур маншаъ мегирад”.
Ҷинпин изҳор доштааст, ки тамосҳову мубодилаи сафарҳо дар сатҳи баланд мунтазам ба роҳ монда шуда, сатҳи эътимоди мутақобилаи сиёсӣ пайваста боло меравад: “Ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби эъмори муштараки “Як камарбанд ва як роҳ”, ҳамчунин дар ҷодаи амниятӣ натиҷаҳои хуби барои мардумонамон воқеан ҳам судмандро ба бор меоварад. Ҳар ду ҷониб якдигарро дар масъалаҳои муҳимми мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дастгирӣ намуда, дар умури байналмилаливу минтақавӣ ҳамдастиву мусоидати мутақобиларо ба роҳ мондаанд ва аз ин тариқ дар раванди таъмини сулҳу суботи минтақавӣ нақши назаррас доранд”.
Раиси Чин афзудааст, масири рушди Тоҷикистонро бо назардошти хусусиятҳои миллии кишвар, саъю талошҳои онро ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи дохилӣ, ҳамчунин пешбурди тараққии иҷтимоиву иқтисодӣ қотеона пуштибонӣ менамояд: “Ба муносибати 25-солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо омодагии хешро ҷиҳати - дар якҷоягӣ бо Шумо - минбаъд ҳам таҳким бахшидани эътимоди мутақобилаи сиёсӣ, таъмиқи ҳамкорӣ ба хотири эъмори муштараки “Як камарбанд ва як роҳ” ва мунтазам ба зинаҳои нав баланд бардоштани муносибатҳои шарикии стратегии Хитою Тоҷикистон бар нафъи кишварҳо ва мардумонамон иброз медорам”.
Дар охир Ҷинпин хостори таҳкиму рушди пайвастаи дӯстии Хитою Тоҷикистон шуда, ба Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандии комил ва дар фаъолияташ муваффақиятҳо орзу намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |