Қабулу парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки ба далели тумани ғафс мутаваққиф гардид, аз соати 12:00-и имрӯз, 30-юми декабр аз сар гирифта шуд.
Дар ин бора ба “Озодагон” Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки аллакай иҷозаи парвоз дода шуд: “Ҳавопаймоҳое, ки ба далели тумани ғафс дар пойтахт дар шаҳри Хуҷанд фуруд омада буданд, аллакай парвоз карданд ва дар роҳ ба пойтахт қарор доранд”.
Тумани ғафс, ки шаби 29 ба 30-юми декабр Душанберо фаро гирифт, қабули ҳавопаймоҳоро дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Тоҷикистон мутаваққиф карда буд. Дар натиҷа парвози ҳавопаймоҳои “Уралские авиалинии" аз Челябинск ва фурудгоҳи Жуковскийи Маскав, "UTair" аз фурудгоҳи Внуково, Тоҷик Эйр аз Маскав ва “Somon Air” аз Санкт Петербург ба таъхир афтоданд. Ҳавопаймои "UTair", ки шаби гузашта аз Маскав ба Душанбе парвоз дошт, ба далели туман дар Тоҷикистон дар фурудгоҳи Тошканд фуруд омад. Таъхири парвозҳо боиси саргардонии садҳо мусофир дар шаҳрҳои Русия гардидааст.
Масъулини фурудгоҳ ва ширкатҳои ҳавоии Тоҷикикстону Русия мегӯянд, таъхири парвозҳо дар пайи номусоидии боду ҳаво рух дода, ба моҷарои ҳавоии ахир миёни Душанбе ва Маскав рабте надорад.
Акс аз саҳифаи фейсбукии Ҷамила Ҳусейнова
Мӯҳр