Эълони номи “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2016”

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, муассисаи таҳсилоти умумии №21 ва литсейи №55 даври ниҳойии озмуни ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон-2016” баргузор шудааст.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар доданд, Замира Рустамова, омӯзгори мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ғолиби озмун эълон гардид: “Ба ғолиби озмун ва иштирокчиёни он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм нишони Аълочии маориф ва илм ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравӣ, мукофоти пулї ва аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ планшет ва роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ тақдим карда шуд”.
Манбаъ, мегӯяд, озмун аз шартҳои амиқ матраҳ кардани мавзўъ, маҳорати пешниҳоди донишҳои нав ба хонандаҳо, таҳлили дарсҳои ҳамдигарӣ ва малакаи муаррифии дастовардҳо тавассути васоити муосири техникии таълим, аз қабили тахтаи электронӣ, компютер ва видепроектор баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории онро манбаъ, “дарёфт ва ошкор сохтани омўзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳа, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами омўзгорӣ, қадрдонии меҳнати омўзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ў дар ҷомеа” унвон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |