Меҳмонхонаи 5-ситорадори Исмоили Сомонӣ аз молиёт озод гардид
Ҳукумати Тоҷикистон номгӯй ва теъдоди масолеҳеро, ки бидуни пардохти боҷу андоз барои сохтмони меҳмонхонаи 5-ситорадори Исмоили Сомонӣ дар Душанбе ворид мешавад, тасдиқ кард.
Тибқи қарори ҳукумат, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон имзо намуд, фармоишгари масолеҳ барои сохтмони меҳмонхонаи 5-ситорадори мазкур ҷамъияти саҳҳомии “Доллмарк Лтд” ва пудратчии асосии он “Алю Тара" ном бурда шудааст.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки бар асоси номгӯйи тасдиқгардида барасмиятдарории гумрукии масолеҳро саривақт анҷом диҳад.
Меҳмонхонаи Исмоили Сомонӣ, ки дар маркази Душанбе қомат афрохтааст, ҳудуди 5 соли охир аз андозу боҷ озод гардид, аммо сохтмони он то ҳол пурра анҷом наёфтааст.
Қаблан дар расонаҳо иттилоъ нашр шуд, ки тибқи он фармоишгари сохтмони меҳмонхонаи бошукуҳи «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, бо арзиши даҳҳо миллион сомонӣ Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |