Соли 2016 чанд чеҳраи шинохтаро бо худ бурд. Хабарнигори “Озодагон” дар як феҳраст номи онҳоро гирд овардааст. Агар касе фаромӯш шуд, исмашро шумо дар шарҳҳо бинависед.
АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4 феврал бар асари бемории саратон даргузашт.
МУҲАММАД АЛӢ, нахустин қаҳрамони секаратаи ҷаҳон дар вазни гарон 4 июн дар синни 74-солагӣ даргузашт.
ҚАҲҲОР МАҲКАМОВ, ходими сиёсӣ ва нахустин президенти Тоҷикистон 8 июн дар синни 85-солагӣ даргузашт.
ИСҲОҚ ТАБАРОВ, вакили мудофеи тоҷик, ки аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва раҳбари ҳизби сабтнашудаи “Тоҷикистони нав” ҳимоят мекард, 12 июн бар асари бемории сактаи қалбӣ аз олам чашм пӯшид.
ШАРИФИ МИСАЙЗОД, хабарнигори радиои “Садои Душанбе” 16 июн дар 50-солагӣ бар асари бемории қалб даргузашт.
ЛӮЪБАТ БУРҲОНОВА, аз нахустин гӯяндаҳои телевизиони Тоҷикистон 2 июл дар синни 81 аз олам чашм пӯшид.
ИСЛОМ КАРИМОВ, раисҷумҳури собиқи Узбакистон 2 сентябри бар асари сактаи мағзӣ дар синни 78 даргузашт.
ШИМОН ПЕРЕС, нахуствазири собиқи Исроил ва барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, 28 сентябр бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.
САФАР САФАРОВ, собиқ муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон 20 октябр дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.
ФИДЕЛ КАСТРО, собиқ раҳбари Куба 25 ноябр дар 90-солагӣ даргузашт.
ҲАЙДАР ҶАМОЛ, раҳбари “Ҳаракати ҷамъиятии байниминтақавии Кумитаи исломӣ” 4 декабр дар синни 70 даргузашт.
МИРЗО ФАЙЗАЛӢ, шоири халқии Тоҷикистон 7 декабр дар синни 74 даргузашт.
ИСМОИЛ ТАЛБАКОВ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 16 декабр бар асари бемории қалб дар синни 61-солагӣ даргузашт.
ЕЛИЗАВЕТА ГЛИНКА, табиби рус бо тахаллуси Лиза, раҳбари бунёди “Кумаки одилона”-и Русия 25 декабр дар синни 54 солагӣ бар асари суқути ҳавопаймои “Ту-154” дар Баҳри сиёҳ ба ҳалокат расид.