Буҷаи Суғд барои соли 2017: Қариб 1 миллиарду 670 миллион
Буҷаи вилояти Суғд барои соли оянда 1 миллиарду 698 миллион сомонӣ тасдиқ шудааст. Ин нуктаро Мирзозода Анвар Сайфиддинӣ, сардори Сарраёсати молияи Суғд дар иҷлосияи 9-уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар қисмати хароҷоти буҷаи вилоятӣ ба дастгирии соҳоти иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, мабалғузорӣ ба ин самт нисбат ба соли равон афзоиш ёфтааст.
16 ноябр Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии Лоиҳаи қонун “Дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2017 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷаи давлатӣ барои солҳои 2018-2019” дар парлумон, ҳаҷми буҷаи давлатӣ барои соли ояндаро дар ҷумҳурӣ 19 миллиарду 568 миллиону 600 ҳазор сомонӣ гуфта буд. Ба гуфтаи вай ин рақам дар қиёс ба буҷаи соли равон як миллиарду 718 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |