Бахшҳо
29 дек 2016 14:14Тоҷикистон / Сиёсат

Душанбею Тошканд дар бораи чӣ созиш карданд?

Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматии ду кишварро, ки 28-уми декабр дар Душанбе анҷом ёфт, эълон намуд.

Ба гуфтаи Шоҳисломов дар пайи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон протокол оиди оғози парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар нимаи аввали соли 2017 ба имзо расида, созиш шуд, ки саноатчиёни Узбакистон алюминийи тоҷикро харидорӣ хоҳанд кард.

Сафири Узбакистон дар суҳбат бо расонаҳо афзудааст, санадҳо дар мавриди коҳиши тарифҳои ҳамлу нақл тариқи роҳи оҳан ва додугирифти тарафайни мол имзо шудаанд.

Дар доираи ҷаласаи Комиссия, ки таҳти роҳбарии Рустам Азимов, ноиби нахуствазири Узбакистон ва Давлаталӣ Саид, ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон баргузор гардид, созиш шудааст, ки дар Душанбе анҷумани соҳибкорони тоҷику узбак ташкил шавад. Инчунин моҳи апрели соли равон ташкили намоишгоҳи маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе ба нақша гирифта шудаст.

Вазорату идораҳои ду кишвар муваззаф шудаанд, ки дар мавриди роҳандозии омаду рафти автобусҳои мусофирбар миёни Тоҷикистону Узбакистон лоиҳаи созишномаро таҳия кунанд.

Дар назар аст, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ моҳи июни соли оянда дар Тошканд баргузор шавад.
Мӯҳр
Ягон кувваи алохида ва ё сиёсат хеч вакт ва дар ягон замон точику узбакро аз якдигар чудо карда наметавонад. Чунки омехташавии ин ду миллат таърихи дуру дароз дорад. Точику узбак ба мисли "пусту нохун" аст. Зиндагии муштарак боиси хешу табор шудани ин ду миллат гаштааст. Дар сурати мукобил гузоштани ин ду миллат ба якдигар, зарари сиёси-иктисоди ва маънави ба хар ду чонибхо таъсиргузор мебошад. Зиндаву човид бош дустию бародари ва акрабогии точику узбак... Агар точику узбак ахл бошад, дар минтака АМЕРИКА месозанд....

узбак нею узбек менавиштед бехтар мебуд

Шахрванд
Газ чи шид газ ????

Ин оғози кор аст ва аз Худо мехоҳем, ки марҳала ба марҳала идома ёбад то ки 1) раводид бардошта шавад; 2) марзи муштарак минрӯбӣ шавад; 3) интиқоли гози Ӯзбакистон ба Тоҷикистон аз сар гирифта шавад; 4) Мактабҳои тоҷикӣ, матбуоти тоҷикӣ дар Ӯзбакистон озодона фаъолият кунанд; 5) Масоили марзии байни ду кишвар ба таври ниҳоӣ ҳал бишавад;7) ҳар ду кишвар "ҷосусони" якдигарро аз зиндонҳо озод бикунанд; 6) Сиёсати ӯзбак кардани тоҷикон хотима дода шавад. Пас аз он муносибатҳои бародаронаи ду миллат ва кишвар оғоз хоҳад шуд.

Шахрванд,
ШИД не, шуд, ба кавли точикии кухан, аз руи буд-шуд!

Бародар Рустам.СССР сохтаниед чи.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)