Эълони 2017 “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ” дар Суғд
Дар шимоли Тоҷикистон 2017-ро “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ” эълон намудаанд.
Аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, ин иқдом бо як қарори раиси вилоят гирифта шуда, вобаста ба он барномаи вижа ҳам қабул шудааст: “Дар иҷлосияи 9-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати 5-ум вакилон аз ин қарори раиси вилояти Суғд пуштибонӣ карданд”.
Ба иттилои манбаъ, Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Суғд зимни муаррифии барномаи мазкур ҳадафи аслии эълони “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ”-ро таъмини аҳолӣ ба оби босифати ошомиданӣ ва пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ унвон кардааст.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд мегӯяд, дар доираи барномаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати оби нӯшокӣ дар минтақаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо харҷи беш аз 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Эълони “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ” дар Суғд дар ҳолест, ки ахиран СММ пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028 пуштибонӣ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |