Қ.Қосим: 62%-и сармоягузорӣ ба Тоҷикистон аз Чин аст
Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, сармоягузории хориҷӣ ба кишвар тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 695 миллион долларро ташкил дод, ки аз ин 354,4 миллионаш сармояи мустақим мебошад.
Ин нукта дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти 11-моҳаи Кумита, ки таҳти раёсати Қодири Қосим, раиси ин ниҳод баргузор шуд, таъкид гардид.
Ба иттилои Кумита сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон асосан аз Чин - 61,8 фоиз, Федератсияи Русия 13,2 фоиз, Арабистони Саудӣ 5,3 фоиз, Британияи Кабир 4,3 фоиз ва ИМА 2,6 фоиз ворид гардидааст: “Сармояи мустақими хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8% афзуда, бештар ба соҳаҳои саноати коркард – 38,9 фоиз, саноати истихроҷи маъдан – 23,1 фоиз, фаъолияти молиявӣ ва хизматҳои тиҷоратӣ – 15,6 фоиз , нақлиёт ва алоқа – 8,2 фоиз ва ғайраҳо равона карда шудаанд”.
Манбаъ афзуд, теъдоди субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар нисбати солио гузашта 4,8 фоиз афзоиш ёфтааст: “Ба ҳолати 1 декабри соли 2016 тавассути низоми «Равзанаи ягона» дар миқёси ҷумҳурӣ 288 196 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 13 123 адад зиёд мебошад”.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ инчунин бо такя ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки қарздиҳӣ ба соҳибкорон 30,4 дарсад коҳиш ёфтааст: “То 1 сентябри соли 2016 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ 6 миллиард сомонӣ қарз ҷудо шудааст, ки ин нишондод нисбат аз ҳамин давраи соли 2015, - 2,6 миллиард сомонӣ кам мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |