Пайвандони Маҳмудов ба Путин: Қотилони ӯро пайдо кунед!
Пайвандони Асадулло Маҳмудов, собиқ раҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Могнитогорски Русия аз Владимир Путин, раисҷумҳури он кишвар хоҳиш кардаанд, ба қазияи кушта шудани ӯ дахолат намуда, барои пайдо кардани қотилонаш кумак намояд.
Маҳмудов рӯзи 15 декабр дар назди манзилаш -- шаҳри Магнитогорск аз сӯи афроди номаълум парронда шуд ва ҷасади ӯро ба Тоҷикистон оварданд.
Наздикони ин тоҷир ва раиси пешини ҷамъияти тоҷикон мегӯянд, бо гузашти беш аз 10 рӯз ҳанӯз мақомот қотилонро пайдо накардаанд, аз ин рӯ маҷбур шуданд, то унвонии Владимир Путин муроҷиатнома бинависанд. Асрориддин Маҳмудов, бародари бузурги Асадулло Маҳмудов мегӯяд, ин муроҷиатнома баъди он ирсол шуд, ки ҷараёни тафтишоти пулиси шаҳраки Магнитогорск онҳоро ноумед кард: “10 нафаре, ки ҳамчун гумонбар буданд, аз бинои пулис озод шудаанд”.
Ӯ афзуд, бовар доранд, ки агар худи раисҷумҳури Русия ба ин қазия дахолат кунад, қотилон дар зудтарин фурсат пайдо ва муҷозот мешаванд. Ба гуфтаи Маҳмудов, онҳо ба Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам расман муроҷиат хоҳанд кард, то аз мақомоти Русия тафтишоти холисонаи ин қазияро дархост кунад.
Наздикону пайвандони Асадулло Маҳмудов муътақиданд, куштори ӯ фармоишӣ аст, чун тамоми наворҳои дурбинҳои биное, ки Асадулло онҷо зиндагӣ мекард, нобуд карда шудаанд.
Қаблан, расонаҳо аз қавли Владимир Шишков, намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия навиштанд, қотил дар кӯчаи Тевосяни Магнитогорск замоне ба қалби Маҳмудов тир холӣ карда, ки ӯ бо мошини “Dodge”-аш вориди майдончаи назди хонаи истиқоматияш шудааст.
Дар акс Асрориддин Маҳмудов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |