“Беш аз 40 миллиони муҳоҷиронро аз корфармоҳо баргардондем”
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шурӯъ аз моҳи январ то ин ҷониб бо кумаки онҳо зиёда аз 40 миллиону 700 ҳазор рубли русӣ ҳақмузди муҳоҷирон баргардонида шудааст.
Аҳмад Иброҳим, сухангӯи ин намояндагӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, имсол шумораи шикояти муҳоҷирон таъхир ё нагирифтани музди меҳнат зиёд шудааст: “Сабаби асосии чунин баҳсҳои корфармо бо муҳоҷирон мушкилоти молиявии ширкатҳо мебошанд”.
Ҷаноби Аҳмадов афзуд, аз моҳи январ то инҷониб аз минтақаҳои гуногуни Русия дар маҷмӯъ 450 шикояти инфиродиву гуруҳӣ дар мавриди пардохт накардани маош ба дасти онҳо расидааст ва кормандони намояндагӣ талош кардаанд, то муҳоҷирон ҳақмузди худро дарёфт кунанд: “Бори охир 21 декабр намояндагӣ ба Хуршеда Отамбекова дар гирифтани маошаш ёрӣ дод. Ӯ беш аз шаш моҳ музди меҳнати худро нагирифта буд ва моҳе пештар ба намояндагӣ муроҷиат намуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |